“Бо кӯшиши миёнаравҳои минтақавӣ ИМА ва Эрон шартҳои оташбас ба мӯҳлати 45 рӯзро баррасӣ мекунанд, ки метавонад ба анҷоми ҷанг оварда расонад” – менависад Axios бо истинод ба манбаъҳо. Нашрия бар ин назар аст, ки имконияти расидан ба созиш дар 48 соати оянда кам аст, аммо ин охирин кӯшиши пешгирӣ аз шиддат гирифтани ҷанг аст.
Ба гуфтаи манбаъҳо, ИМА ва Исроил нақша доранд, ки ба иншооти энергетикии Эрон зарба зананд. Дар посух, тавре ки нашрия тахмин мезанад, Эрон ба иншооти энергетикии кишварҳои халиҷи Форс зарба мезанад. Аxios қайд мекунад, ки Трамп мӯҳлати ултиматумро барои Эрон тамдид кардааст то имкони охирини расидан ба созишномаро диҳад. Шоми 5 апрел Трамп ин паёмашро бе ягон шарҳ нашр кард: “Сешанбе, соати 20:00 бо вақти шарқӣ (соати 03: 00, ҳаштуми апрел бо вақти Маскав). Дар музокирот Покистон, Миср ва Туркия ҳамчун миёнарав иштирок мекунанд. Музокирот инчунин тавассути мукотибаи фиристодаи махсуси Трамп Стив Уиткофф ва вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Аракчи сурат мегирад. Тибқи як манбаъ, маъмурияти Трамп дар рӯзҳои охир ба Эрон чанд пешниҳод додааст, аммо то ҳол ҳеҷ кадоме аз онҳо аз ҷониби Теҳрон қабул нашудааст.
4 апрел Трамп изҳор дошта буд, ки агар Теҳрон ба созишнома розӣ нашавад ва гузаргоҳи Ормузро боз накунад, пас аз ду рӯз Эрон ба “ҷаҳаннам меафтад”. Рӯзи дигар президенти ИМА як паеми шадидтар нашр кард, ки роҳбарони Эронро “бачаҳои девона” номид ва гуфт, ки агар онҳо гулугоҳи Ормузро накушоянд, онҳо “дар дӯзах зиндагӣ хоҳанд кард”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь