ИМА аз кишварҳои Аврупо хоҳиш кардааст, ки нисбати Ҳиндустон таҳримҳои монанд ба таҳримҳои амрикоиро қабул кунанд, аз ҷумла қатъи пурраи интиқоли нафту газро мувофиқа кунанд. Дар Ин бора расонаи Axios хабар медиҳад. Манбаъҳои Ҳиндустон имрӯз низ чунин маълумотро пешниҳод мекунанд. Тибқи иттилои расонаҳо, маъмурияти Амрико инчунин мехоҳад, ки Аврупо ба молҳои Ҳиндустон, мисли Амрико, боҷҳои иловагӣ ҷорӣ кунанд.
Намояндагони кохи Сафед бар ин назаранд, ки баъзе раҳбарони аврупоӣ талошҳои Доналд Трампро барои хотима додан ба низоъ дар Украина ошкоро дастгирӣ мекунанд, аммо гӯе пинҳонӣ кӯшиш мекунанд, ки натиҷаҳои ҳамоиши Русия ва Амрикоро дар Аляска “барбод диҳанд”.
“Аврупоиҳо наметавонанд ин ҷангро тӯлонӣ кунанд ва ҳамзамон умедвор бошанд, ки Амрико хароҷоти онро ба дӯш мегирад”- гуфтааст як мансабдори баландпояи кохи Сафед ба Axios.
27 август боҷҳои иловагии 25 фоизии ИМА барои воридот аз Ҳиндустон эътибор пайдо карданд. Ҳоло меъёри боҷи Ҳиндустон 50% аст. Ворид кардани тарифҳо аз ҷониби кохи Сафед бо он шарҳ дода шуд, ки Деҳлии Нав нафтро аз Маскав харидорӣ мекунад ва ба таври ғайримустақим идомаи амалиёти низомиро дар Украина сарпарастӣ мекунад. Тавре ки the Wall Street Journal қайд кард, таҳримҳои ИМА ба воридкунандаи асосии маҳсулоти нафтии Ҳиндустон аз Русия reliance Industries дахл накардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь