“Рустам Умаров, ҳайати Украина бо сарварии котиби шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи кишвар (СНБО), барои муҳокимаи нақшаи қатъи ҷанг ба ИМА сафар хоҳад кард” – менависад Axios.
Тибқи иттилои нашрия, намояндагони Украина дар охири ҳафта бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА Доналд Трамп, – Стив Уиткофф ва домоди Трамп Ҷаред Кушнер дар Майами мулоқот хоҳанд кард.
Нашрияи Politico рӯзи 17 декабр хабар дод, ки дар Майами онҳоро рӯзи истироҳатии 20-21 декабр ҳайати Руссия бо роҳбарии намояндаи махсуси Президенти Руссия Кирилл Дмитриев интизор аст.
Манбаъҳои Axios таъкид карданд, ки дар айни замон нақшаи баргузории мулоқоти сеҷониба бо иштироки намояндагони ИМА, Украина ва Руссия вуҷуд надорад.
Уиткофф ва Кушнер 14 ва 15 декабр дар Берлин бо намояндагони Украина ва кишварҳои Аврупо гуфтушунид карданд. ИМА ваъда дод, ки дар сурати анҷоми ҷанг ба Украина кафолати амниятӣ медиҳад, дар ҳоле ки масъалаи таслимшавии эҳтимолии ҳудудӣ аз ҷониби Киев ҳал нашудааст. Дар аввали декабр Уиткофф ва Кушнер ба Маскав омаданд, ки дар он ҷо бо Президенти Руссия Владимир Путин мулоқот карданд. Иштирокчиен тафсилоти вохӯриро ошкор нанамуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь