Истифодаи самараноки захираҳои фаровони обӣ ва иқлими мусоид боис гардидааст, ки солҳои охир парвариши моҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд босуръат рушд ёбад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо раванди бунёди ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагии моҳипарварии ҶДММ «Технологияи сохтмон» аз наздик шинос шуд. Ҳавзҳои моҳипарварӣ дар мавзеи Чилҳуҷраи ноҳия дар масоҳати 2 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши моҳии навъи форел ба роҳ монда мешавад.
Таъкид гардид, ки обу иқлими ноҳияи Шаҳристон барои парвариши моҳии форел бисёр мувофиқ буда, ташкили чунин ҳавзҳо барои рушди соҳаи сердаромади моҳипарварӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.
Раиси вилоят зимни боздид дастур дод, ки дар баробари таъсиси ҳавзҳои моҳипарварӣ, ҷиҳати ташкили ошхонаҳои замонавӣ ва коркарди маҳсулоти моҳӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Ҷаббор Расулов, Конибодом, Спитамен, Истиқлол, Исфара, Панҷакент ва дигар минтақаҳои вилояти Суғд даҳҳо хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият доранд.
Рушди соҳа, ҳамзамон, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, сатҳи зиндагии аҳолиро боло мебарад ва вобастагии бозорро аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш медиҳад.
Раиси вилоят дар вақти бозгашт аз ноҳияи Шаҳристон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти ҳавзҳои моҳипарварии «Гулмоҳии Суғд» шинос шуд. Зикр гардид, ки ин хоҷагӣ яке аз хоҷагиҳои намунавии моҳипарварӣ дар вилоят ба ҳисоб меравад.
Бояд таъкид кард, ки айни замон дар вилоят 68 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият дошта, дар 38 хоҷагӣ дар масоҳати 406 гектар беш аз даҳ навъи моҳӣ, аз ҷумла суфмоҳӣ, тосмоҳӣ, сазан, зағорамоҳӣ, пешонағафс, амури сафед ва дигар навъҳо парвариш меёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь