Шодмон Юсуф, раиси аввалини Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар синни 76-солагӣ даргузашт.
Шодмон Юсуф хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Саратовро буда, дар донишгоҳҳои омӯзгории Кӯлобу Душанбе фаъолият намуд ва баъдан дар Академияти илмҳои Тоҷикистон ба кори илмӣ пардохт. Ӯ чанд сол раҳбарии кумитаи Ҳизби коммунист дар Академияи илмҳоро ба ӯҳда дошт.
Дар моҳи августи соли 1991 дар конфронси муассисони Ҳизби демократи Тоҷикистон, раиси ин ҳизб интихоб шуд.
Ҳизби Демократии Тоҷикистон дар оғози муқовиматҳои дохилӣ дар соли 1992 як ҷониби низоъ шинохта мешуд ва Шодмон Юсуф – раиси ин ҳизб масъулияти роҳбарии нирӯҳои ҷонибдори Ҳукумати муросои миллиро дар ташкилоте бо номи “Ситоди Наҷоти Ватан”, бар ӯҳда дошт.
Шодмон Юсуф дар соли 1994 дар ҳайати Кумитаи ҳамоҳангсозии Ҳизби демократи Тоҷикистон талош кард ҳизбро дубора сабти ном кунад ва як сол баъд раиси ҳизб интихоб гардид.
Ихтилофи назар бар сари мушорикат дар муборизаи мусаллаҳона, аъзои ҲДТ-ро ба ду гурӯҳи умда тақсим кард. Яке аз ин гурӯҳҳо бо номи “Ҷиноҳи Теҳрон” ва дигаре ҷонибдорони усули муборизаи мусаллаҳона ва муштарак бо дигар нирӯҳои мухолифи давлат бо номи “Ҷиноҳи Алмаато”.
“Ҷиноҳи Алмаато”-и ҲДТ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон ширкат намуда ва ҷонибдорони ин гурӯҳ дар ҳукумат низ ҷой гирифтанд.
Ин гуна ҷараёни ҳодисаҳо Шодмон Юсуфро на танҳо ба як шахсияти зидди роҳбарони оппозитсия, балки зиддиисломӣ табдил дод.
Фаъолиятҳои сиёсии Шодмон Юсуф дар солҳои ахир чандон назаррас набуд. Гуфта мешавад, ки ӯ фаъолиятҳои илмӣ машғул буд. Ӯ аз сӯҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекард.
Шодмон Юсуф аз 30 сол ба ин тараф дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия, кор ва зиндагӣ мекард. Сабаби даргузашти ин сиёсатмадори шинохтаи тоҷик эълон нашудааст.