Чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ- дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аввалин ғалаба ва се имтиёзро дар бозии хонагии худ дар даври гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар мавсими 2025/26 ба даст овард.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дастаи «Истиқлол» тими «Гоа»-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор гузашт.
Ёдовар мешавем, ки «Истиқлол» дар гурӯҳи «D»-и минтақаи Ғарб бозӣ мекунад, ки рақибони он дастаҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ), «Ал-Завроа» (Ироқ) ва «Гоа» (Ҳиндустон) мебошанд.
Бар асоси низомномаи мусобиқа, ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь