Мусобиқаи «Ҷоми миллатҳои CAFA-2025» аз 29 август то 8 сентябри соли 2025 баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Ҳиндустон дар мусобиқаи дуюми байналмилалии «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон рақобат менамояд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Уммон ҳастанд. Бозиҳои гурӯҳи «А» дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ва гурӯҳи «В» дар шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд баргузор шавад.
29 августи соли 2025 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии ифтитоҳии мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025» дар гурӯҳи «В» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон доир мегардад. Барои мухлисоне, ки чиптаи ин бозиро мехаранд, туҳфаи арзишманд– автомобили BYD E2 ба бозӣ гузошта мешавад. Пеш аз оғози вохӯрӣ мухлисони футбол ва тамошобинонро барномаи рангини консертӣ интизор аст.
Мусобиқа соати 20:00 оғоз шуда, баъд аз он бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор мешавад. Нархи як чипта 30 сомонӣ мебошад.
Баъдан футболбозони тоҷик 1 сентябр бо дастаи мунтахаби Афғонистон ва 4 сентябр бо дастаи мунтахаби Эрон рақобат мекунанд. Тибқи муқаррароти Ҷоми миллатҳои CAFA-2025, бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар шакли даврӣ баргузор мешаванд. Сипас ғолибони гурӯҳҳо дар финал байни ҳам вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Бозии ниҳоии мусобиқа дар шаҳри Тошканд ва бозӣ барои ҷойи сеюм дар шаҳри Ҳисор доир карда мешавад.

Автомобили BYD насиби кӣ мешавад?
Блоки рекламавӣ


