Ҳукумати Австрия ба нақша гирифтааст, ки то тирамоҳи соли 2026 дастрасии наврасони то чордаҳсоларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд. Дар ин хусус котиби давлатии Мақомоти канслери федералии ҷумҳурӣ Александер Прелл хабар дод – иттилоъ медиҳад ТАСС.
«Ҳадафи мо ин аст, ки то оғози соли нави таҳсил дар самти таъмини иҷро қадамҳои мушаххас гузошта шаванд. Қадами аввал, ба назари ман, ташкили гурӯҳи коршиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ хоҳад буд. Қадами дуюм, ки мо аллакай дар замина кор мебарем — татбиқи чораҳои мушаххас ва ҷузъиёти техникӣ аст», — гуфт ӯ дар суҳбат бо радиои Ö1.
Тавре Прелл иброз намуд, ҳукумати Австрия аз ҷиҳати техникӣ намунаи Австралияро баррасӣ мекунад, ки дар он ҷо масъулияти риояи чизҳои манъшуда ба зиммаи платформаҳо гузошта шудааст.
Австралия 10 декабр аввалин давлате дар ҷаҳон шуд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-соларо манъ кард. Қонун платформаҳои бузургро вазифадор мекунад, ки корбарони то 16-соларо масдуд кунанд. Ширкатҳое, ки талаботро риоя намекунанд, то 50 миллион доллари австралиягӣ (тақрибан 33 миллион доллар) ҷарима карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 27 январ Маҷлиси миллии Фаронса тарҳи қонунеро дар бораи манъи истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби нафарони то понздаҳсола дар қироати аввал ба тасвиб расонид.

Австрия дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Блоки рекламавӣ


