Аз рӯзи 10 декабр навҷавонони то шонздаҳсола дар Австралия дигар иҷозаи доштани ҳисоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ, – “Фейсбук” ва “Тикток”-ро надоранд.
Антони Албанезе, нахуствазири Австралия дар як паёми видеоӣ гуфтааст, ки ин қонун барои ҳифз аз фишорҳои дунёи маҷозӣ ба навҷавонон қабул шудааст.
Бар асоси қонуни нав, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд корбарони то шонздаҳсоларо шиносоӣ ва ҳазф кунанд, вагарна бо ҷаримаҳои вазнин рӯбарӯ мешаванд.
Албанезе аз навҷавонон хостааст, дар таътили тобистона вақти худро камтар дар телефонҳои мобилӣ ва бештар бо хонавода, дӯстон гузаронанд.
Ӯ дар паёми видеоие, ки нашр кард, гуфтааст, ин тасмим ба фоидаи навҷавонон аст ва афзудааст, ки “варзиши навро шурӯъ кунед, як мусиқии нав ёд бигиред, ё он китоберо бихонед, ки муддате аст рӯи рафи китобгузорӣ мондаед”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь