Австралия Фаластинро дар ҷаласаи Ассамблеяи Генералии СММ дар моҳи сентябр ҳамчун давлат эътироф мекунад, гуфт сарвазири ин кишвар Энтони Албанезе. Дар ин бора расонаи Bloomberg хабар додааст.
Дар охири моҳи майи соли 2024, мақомоти се кишвари аврупоӣ — Норвегия, Ирландия ва Испания эълон карданд, ки Фаластинро ҳамчун давлат эътироф мекунанд. Дар он вақт давлати Фаластинро 143 кишвари узви СММ, аз ҷумла Русия ва Чин расман эътироф мекарданд. Дар моҳи июл президенти Фаронса Эммануэл Макрон изҳор дошт, ки кишвараш Фаластинро ҳамчун давлати мустақил эътироф мекунад. Инчунин ду кишвари дигари “ҳафтгонаи Калон” — Канада ва Бритониё низ ба дигарон пайвастанд. Исроил ва ҳампаймони асосии он-Иёлоти Муттаҳида-қарори Фаронса, Бритониё ва Канадаро барои эътирофи Фаластин танқид карда буданд.



