Рӯзи панҷшанбе, 29 январ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, ки сохтори калидии низомӣ-сиёсии Эрон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро ҳамчун созмони террористӣ эълон кунад.

Гуфта мешавад, ки ин иқдом посух ба саркӯби бераҳмонаи эътирозҳо дар Эрон буд, ки дар он, ба гуфтаи ИА, ҳазорҳо ширкаткунандагони намоишҳои оммавӣ, ки дар аввали моҳи январ кишварро фаро гирифта буданд, кушта шуданд, хабар медиҳад ВВС.

Вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо Кайа Каллас дар дар шабакаи иҷтимоии X изҳор дошт, ки саркӯб беҷазо намемонад ва таъкид кард, режиме, ки шаҳрвандони худро нобуд мекунад, ояндаи худро зери суол мебарад.

Ҳамзамон, Шӯрои вазирон алайҳи 19 шаҳрванди Эрон ва 12 созмон таҳрим ҷорӣ кард. Аз ин шумора, 15 нафар ва шаш ширкат барои иштирок дар саркӯби эътирозҳо ба рӯйхати таҳримҳо шомил карда шуданд, боқимонда барои кумак ба Русия дар ҷанги зидди Украина шомили ин таҳрим шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь