Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо шоми панҷшанбе розӣ шуданд, ки барои ду соли оянда “талаботи молияви” – и Украинаро дастгирӣ кунанд, аммо аз додани миллиард евро аз маблағҳои яхкардаи Руссия барои маблағгузории мудофиаи ин кишвар худдорӣ карданд.
Қарор дар бораи истифодаи 140 миллиард евро (122 миллиард фунт стерлинг) дороиҳои Руссия, ки дар Палатаи клиринги Белгия нигоҳ дошта мешаванд, пас аз изҳори нигаронии Белгия то моҳи декабр ба таъхир гузошта шуд.
Ин иқдоми баҳсбарангез илова ба таҳримҳое хоҳад буд, ки Аврупо алайҳи Руссия ҷорӣ кардааст, ки охиринаш рӯзи панҷшанбе ба даромади нафти Кремл равона шудааст.
Мулоқоти Брюссел дар арафаи саммити Лондон рӯзи ҷумъа баргузор шуд, ки дар он сарвазир Кир Стармер, роҳбарони Аврупоро даъват кард, ки интиқоли мушакҳои дурпарвозро ба Киев афзоиш диҳанд. Президенти Украина Владимир Зеленский дар вохӯрии ба истилоҳ “эътилофи хоҳишмандон” ҳамроҳ бо дабири НАТО Марк Рютте, сарвазири Дания Метте Фредериксен, сарвазири Нидерландия Дик Шооф иштирок мекунад. Дигар роҳбарон, аз ҷумла Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, ба мулоқот онлайнӣ ҳамроҳ мешаванд.
Рӯзи панҷшанбе вазирони Аврупо дар Брюссел гуфтушунид карданд, ки чӣ гуна миллиардҳо евро маблағҳои яхкардашудаи Руссияро метавонанд ба Украина ҳамчун “қарзи ҷубронпулӣ” диҳанд.
Бисёре аз ҳукуматҳои Аврупо умед доштанд, ки роҳбарон нақшаро дастгирӣ мекунанд ва ба Комиссияи Аврупо, мақомоти иҷроияи Аврупо муроҷиат мекунанд, то дар ҳафтаҳои оянда пешниҳоди расмии ҳуқуқӣ таҳия кунанд.
Аммо матни ниҳоӣ, ки пас аз музокирот қабул шуд, ба ин нақша роҳи сафед надод. Ба ҷои ин, ба Комиссияи Аврупо пешниҳод карда шуд, ки “вариантҳои дастгирии молиявиро дар асоси арзёбии ниёзҳои молиявии Украина” пешниҳод Кунад. “Дороиҳои Руссия бояд то он даме, ки Руссия амалиётро зидди Украина қатъ накунад ва зарари ин ҷангро ҷуброн накунад, баста боқӣ мемонад” – гуфта мешавад дар изҳорот.
Ҳоло ҳадафи раҳбарони ИА расидан ба созиш дар моҳи декабр аст.
“Ин мавзӯъ бешубҳа ночиз нест. Ин хеле мураккаб аст”, — гуфт раиси комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен пас аз ҳамоиш. “Инчунин комилан айён буд, лаҳзаҳое ҳастанд, ки ба равшанӣ ниёз доранд.”
Раиси Шӯрои Аврупо Антонио Коста изҳори хушнудӣ карда, изҳор дошт, ки Аврупо “ӯҳдадор шудааст, ки талаботи молиявии Украинаро барои ду соли оянда пӯшонад”.
“Руссия бояд инро ба назар гирад: Украина дорои захираҳои молиявии зарурӣ барои дифоъ аз худ хоҳад буд” – гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Зеленский, ки дар саммити Брюссел ҳузур дошт, натиҷаи онро истиқбол кард ва онро ҳушдори “дастгирии сиёсӣ” – и идеяи истифодаи дороиҳои Руссия барои идомаи муборизаи Киев номид.

Блоки рекламавӣ