Дар як моҳи ахир дар Тоҷикистон шикоятҳо аз гирифторӣ ба бемории зукому роҳҳои нафас дар Тоҷикистон якбора зиёд шуд. Мутахассисон яке аз сабабҳои якбора зиёд шудани ин бемориҳоро ба набудани барфу борон, тағйирёбии иқлим ва ҳавои ғуборолуд медонанд.
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, дар як муроҷиат аз сокинони хостааст, барои пешгирӣ аз бемориҳои мавсимӣ, чораҳои зарурии беҳдоштиро ҷиддан риоя созанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, нишонаҳои аввалини бемориҳои мавсимӣ одатан бо баланд шудани ҳарорати бадан, сулфа, дарди гулӯ, хастагии ногаҳонӣ ва дарди мушакҳо оғоз мешаванд.
Марказ тавсия додааст, ки ҳавои утоқҳои корӣ ва истиқоматӣ бояд мунтазам тоза карда шавад ва пӯшидани ниқоб дар ҷойҳои серодамро низ муҳим номидааст. Пизишкони ин ниҳод таъкид кардаанд, ки сокинон аз истифодаи худсаронаи антибиотикҳо худдорӣ кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь