Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 19 ва 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудаанд.
Гумонбаршавандагон 19-уми декабри соли 2025 дар назди мағозаи хӯрокворӣ, воқеъ дар маҳаллаи Сабзикори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо ҷавонони 19 ва 18-солаи сокинони шаҳри Душанбе муноқиша намудаанд, сипас ҷавони 20-сола аз мағозаи мазкур як адад кордро гирифта ба қисмати тарафи чапи қафаси синаи ҷавони 19-сола зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь