25-уми декабри соли 2025 дар кӯчаи А.Қаҳории ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҷавони 26-солаи сокини пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ марди 53-солаи сокини шаҳри Душанберо зери лату кӯб қарор дода, бо корд як маротиба ба пойи чап ва ду маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҷабрдида зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи зани 46-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 21-уми декабри соли 2025 писари 21-солаашро дар кӯчаи Наврӯзи ҳамин шаҳр “Рамазон” ном шахс мавриди лату кӯб қарор дода, бо корди хоҷагӣ ба баданаш як маротиба зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Ваҳдат содир намудааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Авбошӣ дар Душанбе ва Ваҳдат
Блоки рекламавӣ


