Кормандони самти кор бо ноболиғони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, дар натиҷаи санҷишҳои фаврӣ, аз содир гардидани ҷинояти авбошӣ байни ноболиғон, пешгирӣ намуданд.
Дар асоси хабари фаврӣ, шаби 19-уми январи сори ҷорӣ, як гурӯҳ ноболиғони мусаллаҳ бо предметҳои халандаю бурранда, дар кӯчаи С.Айнӣ ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намоянд. Кормандони милитсия, дар ҷойи ҳодиса 6-нафар ноболиғро дастгир намуданд. Зимни кофтуков аз онҳо ду адад кордҳои гуногунтамға дарёфт ва мусодира карда шуданд.
Дар баробари баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ, ҳамзамон нисбати волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Вобаста ба ин, мақомоти милитсия аз кулли шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват менамояд, ки фарзандони худро бе назорат нагузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь