Дар натичаи тафтишу санҷишҳои гузаронидашуда соли 2025 аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ба маблағи 22 361 315 сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ба андозаи 22 158 070 сомонӣ ё 99,1 фоизи он барқарор карда шудааст. Дар ин бора сардори Раёсати мазкур Аваззода Шараф зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки дар самти назорати давлатии молиявӣ аз тарафи мутахассисони шуъбаи назорати давлатии молиявии раёсат дар соли гузашта дар 154 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилояти Хатлон тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудааст, ки аз он 137 тафтишу санҷишҳо нақшавӣ ва 17 санҷиши дигар бошад, дар асоси гузориш ва супоришҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь