Дар Покистон қатли ду маъшуқ бисёриҳоро ваҳшатзада кардааст, ки  барои ошиқ шудан ба ҳам ва издивоҷи бидуни иҷозаи қабилаашон ваҳшиёна кушта шудаанд. Мақомоти вилояти қабоилнишини Балучистон рӯзи 21-уми июл натиҷаҳои таҳқиқи пешакӣ дар бораи қатли ду ҷавон дар мазҳари омро гузориш доданд.Видеое, ки саҳнаи қатлро нишон медиҳад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, хашму ғазаби бисёриҳоро дар Покистон барангехт ва мардум аз мақомот хостанд, ки гунаҳкоронро ёфта, ба ҷавобгарии ҷиноӣ бикашанд. Дар ин видео дида мешавад, ки зане дар иҳотаи мардони зиёде қарор дорад ва дар даст китоби Қуръон аз марде дархост мекунад, ки ҳафт қадам қафотар аз ӯ биистад.

Марде бо туфангча ба ин зани ҷавон аз ба такрор тир мезанад ва зан меафтад. Ҳамингуна шавҳари зан ҳам кушта мешавад ва ҳатто баъди ба замин афтодани онҳо ҳам тирандозӣ ба тани беҷони онҳо идома меёбад. Куштор дар як маҳаллаи дурдасти кӯҳистонӣ рух додааст ва дар атроф мошини зиёде дида мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд ба барномарезӣ шудани қатл ва даъвати дигарон барои тамошо далолат мекунад.

Куштори бераҳмонаи ҷуфти ошиқ Покистонро такон дод

Сарфароз Буғтӣ, як мақоми расмии Балуҷистон, вилояти бисёр муҳофизакори қабиланишин, зери фишори ҷомеаи Покистон ваъда дод, ки ҳамаи гунаҳкорони қатли намоишӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Довуд Хаттак сардабири бахши покистонии Радиои Озодӣ ҷузъиёти ҳодисаро чунин шарҳ дод:

“Ҳодиса дар наздикиҳои Кветта, пойтахти Балуҷистон дар рӯзҳои иди Қурбон рух додааст ва тахминан як моҳ пеш. То ҳол 11 кас боздошт шудааст. Исми ҷавон Зарқ ва духтар Шитал будааст. Ҳарду балуҷ буда, аз маҳалли зисти худ фирор ва издивоҷ кардаанд. Онҳо рӯзҳои ид ба минтақа баргаштаанд ва ҳамон замон аз ҷониби мардуми қабила боздошт шудаанд. Онҳоро ба як минтақаи кӯҳии берун аз деҳа бурдаанд ва бо тири туфанг куштаанд.”

Довуд Хаттак афзуд, ҳодисаро ҳам ҳукумат ва ҳам созмонҳои ҳомии ҳуқуқ маҳкум карданд, агарчӣ дар Покистон ҳар сари чанд вақт ҳодисаҳои ба истилоҳ қатлҳои номусӣ рух медиҳанд. Ба қавли Довуди Хаттак:

“Дар бисёр минтақаҳои Покистон занҳоро чун мол арзёбӣ мекунанд, аз ин рӯ, ҳамаи аъзои хонавода, ба мисли падару бародарон, писарҳои амаку хола худро соҳиби ин занҳо мешуморанд.”

Комиссиюни ҳуқуқи инсони Покистон мегӯяд, қатлҳои номусӣ дар кишвар ҳадди ақал рӯзе як бор рух медиҳанд ва ҳукуматро барои нотавонӣ дар пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо интиқод мекунад. Соли 2024 дар Покистон 405 қатли номусӣ сабт шудааст. Аксари қурбониён занон будаанд ва онҳоро мардони хонавода гӯиё бо далели ҳимоят аз шаъну шарафи хонаводаҳояшон куштаанд.

www.ozojdi.org

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь