“Президенти ИМА Доналд Трамп дар сӯҳбатҳои хусусӣ аз мавқеъгирии Президенти Украина Владимир Зеленский ва роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори норозигӣ кардааст. Вай талаботи ҳудудии Киевро ғайривоқеӣ мешуморад” – навиштааст маҷаллаи The Atlantic бо истинод ба манбаъҳояш. Трамп бар ин назар аст, ки “барои ҳалли низоъ ҷониби Украина бояд як қисми қаламравашро диҳад” – гуфтаанд манбаъҳои нашрия. Ба гуфтаи онҳо, Президенти Амрико низ намехоҳад иштироки ИМА-ро дар ҳалли низоъи Руссия ва Украина васеъ кунад, зеро ин метавонад баъзе ҷонибдоронашро аз худ дур кунад.
25 август Доналд Трамп изҳор дошт, ки қаблан ба ҳалли низоъи Русия ва Украина ҳамчун яке аз вазифаҳои осонтарин назар карда буд. Аммо дар асл, ҳама чиз дигар будааст, зеро сухан дар бораи “муноқишаи ҷиддии шахсӣ”меравад.
Имрӯз, ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс изҳор дошт, ки “маъмурияти Доналд Трамп дар бисер масъалаҳо бо Президенти Украина Владимир Зеленский дар масъалаи қаламравҳо ҳамфикранд”. Ба гуфтаи Вэнс, дар Вашингтон ҷонибдори Украинаи ҳудудӣ ҳастанд ва”намехоҳанд, ки Русия тамоми кишварро забт кунад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь