Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнати Тоҷикистон бо пахши як эълон шаҳрвандони кишварро барои кор ба давлати Қатар даъват мекунад.
Ҷойҳои корӣ дар самти хидматрасонӣ ва фурудгоҳу меҳмонхонаҳо пешбинӣ шуда, барои хоҳишмандон донистани забони англисӣ ва арабӣ шарт мебошад.
Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, музди маош барои кор дар ин вазифаҳо дар Қатар аз 800 доллар сомонӣ, оғоз мешавад.
Пули виза ё раводид, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб, хӯроки якдафаина, либоси корӣ, корти роҳ ва хидматрасонии тиббӣ аз ҷониби корфармо пардохт бояд гардад.
Блоки рекламавӣ



