Гурӯҳи кории Вазорати маорифи Қатар аз мавзеъҳои интихобшуда барои бунёди марказҳои омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ дидан мекунад. Ин кишвар дар чанд манотиқи Тоҷикистон марказҳои касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабию англисӣ таъсис доданӣ аст.
Ин масъала ҳангоми мулоқоти вазири меҳнати Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо ёвари директори котиботи вазири маорифи Қатар оид ба идоракунии лоиҳа Ҳариб Муҳаммад ал – Ҷобирӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии вазорати меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Блоки рекламавӣ