«-Мулоқоти имрӯза бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатии мо заминаи муҳим фароҳам меорад. Дар мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ карда шуданд», — гуфт Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба иттилои Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, зимни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, тандурустӣ ва маориф дода шуд.
«Кишвари мо ният дорад, ки ҳамкориро дар Осиёи Марказӣ, алалхусус бо Тоҷикистон вусъат диҳад», — хабар дод Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ.
Директори генералии Хазинаи Қатар оид ба рушд изҳор дошт, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имконияти бузург мавҷуд аст.
«Ҳамин аст, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 миллион доллар созишнома имзо менамоем, ки ин маблағҳо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» равона хоҳанд шуд», — гуфтааст Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ.

Қатар ҳамкориро бо Тоҷикистон вусъат медиҳад
Блоки рекламавӣ