Хазинаи Қатар оид ба рушд барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 182 миллион риёли қатарӣ ($50 млн) ҷудо намуд. Ба гузориши расонаҳои қатарӣ, созишномаи мазкурро Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ, мудири Хазинаи Қатар оид ба рушд бо Вазири молияи Тоҷикистон имзо намуданд.
Вазорати молияи Тоҷикистон ҳам бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, 50 миллион доллар қарзи имтиёзнок мебошад. Дар хабари Вазорати молия омадааст, ҳадафи лоиҳа “саҳм гузоштан ба амнияти миллии энергетикӣ ва дастгирии рушд” дар Тоҷикистон мебошад. Мудири Хазинаи Қатар оид ба рушд дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аз неругоҳи “Роғун” низ дидан намудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон талош дорад барои то охир сохтани нерӯгоҳи “Роғун” аз хориҷа сармоя ёбад. То ин вақт Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва баъзе кишварҳо аз сармоягузорӣ ба сохтмони “Роғун” хабар дода буданд.

Қатар барои сохтмони неругоҳи “Роғун” 50 миллион доллар медиҳад
Блоки рекламавӣ


