Қатар аз эҳтимоли оқибатҳои фоҷиабори афзоиши танишҳо байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор медиҳад. Ба иттилои расонаҳои ин кишвар Доҳа бо ҳарду ҷониб тамосҳо барқарор кардааст, то ба устуворсозии вазъияти минтақавӣ ва коҳиши ихтилофот байни Вашингтон ва Теҳрон мусоидат намояд.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қатар Маҷид ал-Ансорӣ зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки кишвараш талош дорад дар заминаи рӯйдодҳои ахири Эрон барои коҳиши танишҳои афзоянда миёнҷигарӣ кунад.
Ба гуфтаи ӯ, идомаи вазъи кунунӣ метавонад ба шиддат гирифтани нооромиҳо дар минтақа сабаб шавад. “Қатар чораҳои коҳиши танишҳоро меандешад. Мо огоҳ ҳастем, ки ҳар гуна ташаннуҷ барои минтақа ва берун аз он оқибатҳои фоҷиабор хоҳад дошт. Аз ин рӯ, мо мехоҳем аз чунин сенария пешгирӣ кунем”, – гуфтааст Ал-Ансорӣ.

Қатар: Ҳамлаи ИМА ба Эрон оқибатҳои фоҷиабор дорад
Блоки рекламавӣ


