23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур»-ро кушоданд.
Иншоот дар асоси супориши Роҳбари давлат вобаста ба бунёди ҳатмии кӯдакистон дар маҳаллаҳои дорои зиёда аз 100 хоҷагӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шудааст.
Иншооти мазкур дар деҳаи Ғарғара аввалин кӯдакистон буда, тарҳи миллӣ ва муосир дорад.Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимот барои бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 350 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Таълими дӯстрӯякон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҷалби 12 парастори соҳибтахассус сурат мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити деҳот бунёд намудани кӯдакистони ҷавобгў ба талабот намунаи пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон намуданд.
Ду иншооти ба зеҳну тафаккур заминагузор: Китобхона ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур», ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ифтитоҳ ёфтанд, ба таъсиси 37 ҷойи нави корӣ замина гузоштанд.

«Ҷасур» тифлаконро ба оғӯш гирифт
Блоки рекламавӣ


