Бо гузашти як моҳ аз марги ногаҳонии се узви як хонавода дар шаҳри Исфара сабабу омилҳои ин фоҷиа ҳануз маълум нашудаанд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқот идома дорад. Пайвандонаш бо пеш овардани ҳадсу гумонҳои дигар изҳори нигаронӣ доранд.
Рӯзи 7-уми декабр Искандар Маликии 34-сола, корманди собиқи Ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсараш Муаттарахони 29-сола ва духтари чаҳорсолаашон дар шароити шубҳанок ҷон доданд. Онҳоро рӯзи 9-уми декабр дар шаҳрҳои Панҷакент ва Хуҷанд ба хок супориданд. Вазъи ду кӯдаки дигарашон, ки ба беморхона интиқол ёфта буд, беҳтар аст. Пайвандонаш талаб доранд, ки асрори ин ҳодиса зудтар ошкор гардад.
Мақомоти шаҳри Исфара, ки аксаран дар эълони сабаби ин ё он фоҷиа зудкоранд, бо гузашти як моҳ аз марги се узви як хонавода, дар шарҳи он сукут меварзанд.
Аз Додситонии шаҳри Исфара ба Радиои “Озодӣ” гуфтаанд, “ҳоло парванда боз нашудааст ва танҳо санҷиш идома дорад. Кимиёшиносон ҳанӯз ҷавоби ташхисро ба мо надодаанд”.
Як манбаъи огаҳ аз рафти тафтишот ва ташхиси марги ин оила, мегӯяд, “аксари нишондодҳоро барои ташхисии ниҳоии тиббӣ ба Ӯзбекистон фиристодаанд ва интизори ҷавоби он ҳастанд”.
“Пас аз маълум шудани сабаби фавти онҳо ин маълумот расонаӣ карда мешавад”, – гуфтааст ин манбаъ.
Инро пайвандони оила низ тасдиқ карданд. Дар ҳамин ҳол бархе аз наздикони ҳамсари Искандар Маликӣ бо ирсоли чанд аксу навор мегӯянд, ки “ҳолатҳои шубҳанок дар марги онҳо ва бемор шудани кӯдакон вуҷуд дорад”. Онҳо заҳролудшавӣ аз таъом ва хуришу дигар навъи хӯрокро рад мекунанд ва эҳтимоли сӯиқасдро мебинанд.
Пештар баъзе аз пайвандон ва ҳамсоягони онҳо сабаби марги онҳоро ғизои заҳролуд гуфта буданд.

Асрори марги се узви як оила дар Исфара кай кушода мешавад?
Блоки рекламавӣ


