“Аз якуми октябри соли 2025 молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ ва содиротӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон «АСИКУДА-и ҷаҳонӣ» ба расмият дароварда мешаванд” – хабар додааст Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ.
Тадбири навбатӣ дар доираи иҷрои талаботи барнома ва стратегияҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқгардонии расмиёти гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ андешида шудааст.
Системаи «АСИКУДА» бо назардошти имконоти технологияи рақамӣ чун тарҳи навтарин низом ва услуби корро самаранок мегардонад. Дар ин самт аллакай аз ҷониби Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддию техникӣ муҳайё гардида, бо шарикон ба таври густурда ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь