Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кг дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар финали мусобиқа Абдулмаҷид Кудиев аз варзишгари ботаҷрибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Раҳмон Амузод бо ҳисоби 12:2 мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.
Ба ҷуз аз медали Абдулмаҷид Кудиев то имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо соҳиби 8 медал гардидааст: се медали нуқра ва 5 биринҷӣ. Чор медали аввалро паҳлавонони тоҷик аз намуди гӯштини ҷудо ба даст оварда буданд. Медали панҷуми биринҷиро варзишгари ҷавон Саъдӣ Исмоилов аз намуди тенниси рӯйи миз соҳиб шуд.
Хотиррасон мешавем, ки паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни то +100 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ аз намуди гӯштини ҷудо медалҳои нуқра ба даст оварданд. Ду варзишгари тоҷик- Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи гӯштини кураш, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дохил шуд, варзишгарони тоҷик Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 81 кило ду медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар мусобиқа аз рӯи барномаи Бозиҳо аз Тоҷикистон 65 варзишгар дар 10 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, гӯштини озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таэквондо, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ иштирок намуданд.

Ҳашт медал аз Бозиҳои шашуми ҳамбастагии исломӣ-2025
Блоки рекламавӣ


