Дар 3 гектар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи нав бунёд мегардад. Дар ин боғ 600 бех ниҳоли зардолу шинонида шуд.
Тавре аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, боғи нав дар оянда ҳамчун майдони таҷрибавӣ барои омӯзиши фанҳои марбут ба боғдорӣ, агротехника, ҳифзи растаниҳо ва идоракунии истеҳсолот хизмат менамояд.
Пеш аз шинонидани ниҳолҳо корҳои омодасозии замин, аз ҷумла шудгор, ҳамворсозӣ, таъмини системаи обёрӣ ва ворид намудани нуриҳои органикӣ анҷом дода шуданд. Ин тадбирҳо барои таъмин намудани нашъунамои босифати ниҳолҳо ва ҳосилнокии баланд дар солҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ин иқдом ба беҳтар гардидани муҳити зист ва сабзгардонии ҳудуди муассиса мусоидат намуда, дар оянда метавонад ба манбаи иловагии даромад барои литсей табдил ёбад. Ҳосили бадастомада на танҳо барои таъмини эҳтиёҷоти дохилии муассиса, балки барои пешниҳоди маҳсулоти босифат ба бозор низ равона карда хоҳад шуд.
Дар шароити афзоиши талабот ба маҳсулоти ватанӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таъсиси боғҳои нав ва истифодаи самараноки замин аҳамияти хосса пайдо мекунад. Ноҳияи Ашт яке аз минтақаҳои аграрии ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, боғдорӣ ва парвариши меваҳои донакдор, бахусус зардолу дар ин минтақа мавқеи хос дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь