Дар ноҳияи Ашт ҳамасола ба таъмиру мумфаршкунии роҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Сокинони деҳаи Оппони Болои Ҷамоати деҳоти Ошоба бо дастгирии соҳибкорон ва фаъолони маҳаллӣ тасмим гирифтанд, ки зиёда аз 7 километр роҳро мумфарш намоянд.
Рӯзи 4 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ ширкат варзид.
Тибқи иттилои масъулин то имрӯз дар ноҳияи Ашт наздик ба 50 километр роҳҳо мумфарш карда шудаанд, ки барои беҳтар гардидани инфрасохтори нақлиётӣ ва мусоидат ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия нақши муҳим доранд.
Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилоят онҳоро ба вусъат бахшидани корҳои созандагӣ, аз ҷумла азхудкунии заминҳои нав, бунёди корхонаҳои саноатӣ, сохтмони кӯдакистонҳо ва дигар иншооти иҷтимоӣ ҳидоят намуд.
Ҳамчунин, Раиси вилоят собиқадори соҳаи маориф Қодиралӣ Рӯзиматовро аёдат карда, ба ӯ саломатӣ ва умри бобаракат таманно намуд. Қодиралӣ Рӯзиматов солҳои зиёд дар соҳаи маориф фаъолият карда, барои тарбияи насли соҳибмаърифат саҳми арзанда гузоштааст.
Ба собиқадор аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати ноҳияи Ашт хабар доданд.

Ашт: 50 км роҳ мумфарш шуд
Блоки рекламавӣ


