Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони “Наврӯз – эҳёгари анъанаҳои миллӣ ва тарғибгари ҳунарҳои мардумӣ” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуда, аз намоиши дастархони наврӯзӣ, ки инъикоскунандаи мазмуну моҳият ва ҷавҳари аслии Наврӯзи байналмилалӣ буд дидан намуданд.
Дар саҳни донишгоҳ таомҳои милллии Наврӯзӣ дар мисоли ҳафт син, ҳафт шин ва анъанаҳои мардумӣ аз ҷониби факултаҳои донишгоҳ ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин чорабинӣ омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадиашонро дар соли сипаришуда ҳимоя намудаанд, бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин радиф ба омӯзгорону кормандон бо нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва ифтихорнома сарфароз гардиданд.
Дар ҷамъбасти чорабинии Наврӯзӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь