Шаҳрвандони кишвар се рӯзи истироҳат доранд: 7, 8, 9 сентябр

Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузории ҷашнҳои оммавӣ, консертҳо ва барномаҳои фарҳангӣ дар назар аст.

Чорабинии асосии идона бахшида ба 34-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.Барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар манотиқи дигари Тоҷикистон ва пойтахти ин мамлакат, шаҳри Душанбе дар назар аст.

Дар шаҳрдории Кӯлоб гуфтанд, ки ба сафари Сарвари давлат аллакай корҳои зиёди омодагӣ идома доранд.

Дар Душанбе ҷашни марказӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлол рӯзи 9 сентябр соати 19:00 дар майдони Истиқлол баргузор мешавад. Намоиши театрӣ бо ширкати ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон дар назар аст:

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе – 5 сентябр, соати 17:00 чорабиниҳои фарҳангӣ дар боғи Фирдавсӣ;

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе – 5 сентябр соати 18:30 дар амфитеатри Аҳорун;

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе – 6 сентябр дар майдони назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Маскав);

Дар ноҳияи Синои пойтахт – 7 ва 8 сентябр соати 17:00 дар боғи Умари Хайём

Дар ин рӯзҳо сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар тантанаҳои оммавӣ ва идона ширкат кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар иртибот ба ид шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тибқи ҷадвали 5-рӯза кор мекунанд, се рӯз – 7, 8 ва 9 сентябри соли ҷорӣ истироҳат хоҳанд кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь