Русия Ва Украина ҷасадҳои низомиёни кушташударо иваз карданд. Дар ин бора ситоди ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои муносибат бо асирони ҷангӣ хабар додааст.
Ситоди ҳамоҳангӣ оид ба масъалаҳои муносибат бо асирони ҷангӣ хабар додааст, ки ба Украина ҷасади 1003 сарбоз баргардонида шуда, ҷасади 26 сарбози рус қабул карда шудааст.
Ёрдамчии Президенти ФР Владимир Мединский изҳор доштааст, ки ин дар доираи “Шартномаи Истанбул” сурат гирифтааст. Мубодила бо кӯмаки Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баргузор гардид.
Блоки рекламавӣ



