Наҷотдиҳандагони шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ду сокини вилояти Хатлонро, ки яке 5 август ва дигаре 31 июл дар дарёи Вахш ғарқ шуда буданд пайдо карданд.
Ба иттилоъи манбаъ рӯзи 5-уми августи соли ҷори як ноболиғи 9-солаи сокини ноҳияи Кушониён дар дарёи Вахш ғарқ шуда буд ва баъд аз 4 рӯзи ҷасади ӯро 12 километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд. Қайд гардид, ки ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Кушониён низ дар рӯди Вахш ғарқ шуда буд ва ҷасади ӯ низ пас аз 11 рӯз 15 километр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо карда шуд. Дар вилояти Хатлон давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар кӯлу наҳрҳо бо омилҳои гуногун 52 нафар ғарқ шудаанд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар зиёд аст.
Блоки рекламавӣ



