Ҷамшед Ҷамшедзода, додраси Додгоҳи конститутсиониро, ки дирӯз дар пайи афтодан аз ошёнаи нӯҳуми бинои истиқоматӣ ҷон дод, имрӯз, 14-уми январ дар зодгоҳаш, деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа ба хок месупоранд.
Дар ин бора ёрдамчии Ҷамшед Ҷамшедзода дар Додгоҳи конститутсионӣ ба расонаҳо хабар додааст.
Дирӯз, 13-уми январ тахминан соати 18-и бегоҳӣ ҷасади додрасро пас аз гузаштан аз ташхис (экспертиза) ба зодгоҳаш деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа бурдаанд.
“Гуфтанд то соати 10:00 ба зодгоҳашон мерасанд. Вақти хондани ҷаноза маълум нест. – гуфтаанд аз додгоҳ.
Ҳодиса дирӯз,13-уми январ дар маҳаллаи Гулистон (наздик ба “Сирк”-и давлатӣ)-и шаҳри Душанбе рух додааст.
Ҷамшедзода мехостааст ноқили телевизионро пайваст кунад, ки “дар натиҷа ба замин афтодааст”.
Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ дар як баёнияи расмӣ, марги Ҷамшедзодаро “талафоти бузург” хонда, гуфтаааст, ки “хидматҳои содиқонаи марҳум барои ҳокимияти додгоҳӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ мондагор мебошад”.
Ҷамшед Ҷамшедзода 52-сол дошт ва соҳиби ҳамсару се фарзанд буд.

Ҷасади Ҷамшед Ҷамшедзодаро имрӯз ба хок месупоранд
Блоки рекламавӣ


