Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён бо гумони ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва сохтакории ҳуҷҷатҳо дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 26-уми июли соли 2024, бо мақсади гирифтани маблағи пулӣ аз бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»-и шаҳри Бохтар аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари ҶДММ “Сорбон-1605” маълумономаи қалбакӣ ба номи хешаш, ки гӯё дар ҷамъияти мазкур ҳамчун нозири кадр кору фаъолият мекунад, гирифта, ба филиали мазкур пешниҳод карда, ғайриқонунӣ 100 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 264 ва қисми 2 моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қарзи ғайриқонунӣ аз “Саноатсодиротбонк”
Блоки рекламавӣ


