Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бақияи қарзи андозҳо дар ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 975,8 млн сомониро ташкил медиҳад.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ рӯйхати калонтарин қарздорҳо аз андозро расонаӣ кард.

Вай гуфт, аз ҳама зиёд дар назди Кумитаи андоз Шабакаҳои тақсимоти барқ қарздор будааст ва қарзаш ба 144 миллион сомонӣ расидааст.

Баъд аз Шабакаҳои тақсимоти барқ, калонтарин қарздорҳо аз андоз ин корхонаҳо будаанд:

“Талко голд” – 30 миллион сомонӣ;

“Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” – 30 млн сомонӣ;

Корхонаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” – 22 млн сомонӣ;

Кони ангишти “Зиддӣ” – 19 млн сомонӣ.

Нусратулло Давлатзода қайд кард, ки барои кандани ин қарзҳо Кумитаи андоз корбарӣ дорад ва шумораи корхонаҳое, ки қарзҳои калон доштанд, давра ба давра кам шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь