Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маҷмуаи дастаҷамъонаи журналистони тоҷикро таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – эҳёгари Роғун” нашр кард.
Тавре дар сарсухани маҷмуа ишора мегардад: «Маҳз ба баракати ин марди бузурги олами сиёсат сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун на танҳо эҳё шуд, балки бо вусъати беандоза пеш меравад. Пешвои миллат бо ибрати шахсии худ нишон доданд, ки қавлу амалашон як аст. Ҳанӯз дар солҳои душвори аввали баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ вақте дурнамои сиёсати иқтисодӣ тарҳрезӣ мешуду ҳама дар ғами ҷону як бурда нон буданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қотеъият изҳор дошта буданд, ки сохтмони Роғун эҳё мегардад ва барои таъмини яке аз ҳадафҳои рушди иқтисодиёт – амнияти энергетикии кишвар заминаи воқеӣ мешавад».
Дар маҷмуа очерку мақола ва лавҳаҳои журналистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, Бахтиёри Қутбиддин, Шаҳобиддини Ҳақназар, Муҳаммадраҷаби Ҳанафия, Ворис, Далери Абдулло, Мафтуна Ҳисорӣ, Наргис Муқимзода, Маҷид Салим ва Шоира Каримзода ҷойгир шудаанд. ки ҳар кадом маҳсули корвонҳои иттилоотии журналистон ба маҳалли сохтмони неругоҳ ва мулоқоти аҳли эҷод бо сохтмончиёни қаҳрамони Неругоҳи барқи обии Роғун мебошанд.
Маҷмуа баёнгари нақши бағоят бузурги Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амри амалӣ намудани тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, ки маҳз дар замони истиқлол ва бо баракати роҳбарияти олии мамлакат имконпазир шудаанд, мебошад. Бо мутолиаи он хонанда бо заҳмати ватандӯстонаи қаҳрамонони пайкор дар неругоҳи Роғун ошно мегардад ва худро шарики арсаи бузурги мардонагиву нангу номуси миллӣ медонад.
Китоби тозанашр дар нашриёти «Балоғат»-и шаҳри Душанбе ба дасти чоп расида, барои доираи васеи хонандагон, кормандони ҷавони воситаҳои ахбори омма ва донишҷӯёну пажӯҳишгарон маводи муфиду фаровонеро пешниҳод месозад.
Муаррифии китоб рӯзи 14-уми ноябр, соати 9:00, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.
“Фараҳ”



