18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии Арконро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкор Умеда Гадойбоева дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд шуд.
Дар иншооти навбунёд 360 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 30 парастори соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 75 касро ташкил медиҳад.
Иншооти навбунёд аз ҷониби меъморони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо меъморони олмонӣ таҳия шудааст. Ин равиш омехтаи эстетикаи аврупоӣ ва ниёзҳои фарҳангии тоҷикӣ мебошад.
Ҳар ҷузъи бино аз равзанаҳо то гузаргоҳҳо бо усули Муҳити амн барои кӯдак тарҳрезӣ шудааст.
Бино дорои 26 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 12 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона, нуқтаи тиббӣ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду иншооти дигари соҳаи маориф – марҳилаи якуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон дар маҳаллаи Темурмалик ва Гимназияи рақами 4-ро дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон, ки бо шароити муосир бунёд ёфтааст, дорои имкони фаро гирифтани 600 хонанда дар ду баст мебошад.
Дар Гимназияи рақами 4 бошад, 1700 хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро дар деҳаи Томин ва майдончаи нави варзишии замонавиро дар деҳаи Ғаберуди ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ба истифода доданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Ғаберуд бо маблағгузории корхонаи маъдантозакунии муштараки Тоҷикистону Амрико – Анзоб бунёд ёфтааст.
Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фаро гирифтани 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Иншооти нави варзишӣ бошад, бо саҳми соҳибкор Сайфиддин Нуров бунёд гардидааст.

“Аркон” кӯдаконро ба оғӯш гирифт
Блоки рекламавӣ


