Департаменти давлатии ИМА барои хоҳишмандони иштирок дар лотореяи ҳаққи иқомат бо номи “Гринкарт” пардохти ҳатмие дар ҳаҷми як долларро ҷорӣ кард. Огаҳиномае дар ин бора дар сомонаи Реестри федералии ИМА нашр гардид. Акнун хоҳишмандони ширкат дар лоторея баробари пур кардани аризаи худ бояд як доллар маблағро пардохт намоянд.
То ин дам ариза бепул пур карда мешуд ва танҳо дар сурати бурд дар лоторея 330 доллар маблағро вақти баррасии парванда пардохт менамуданд. Департменти давлатӣ гуфтааст, ки ҳадаф ин аст, ки шахсони тасодуфиро роҳ надиҳанд. Департаменти давлатӣ ҳисоб кардааст, ки аз ҳисоби ин пардохтҳо буҷаи давлат соле то 25 миллион доллар фоида мебинад ва шояд шумораи аризадиҳандагонро коҳиш диҳад.
Блоки рекламавӣ



