Дар шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 227 шахси мансабдорро барои пешниҳоди омори хато ва дер пешниҳод кардани он ҷарима карданд.
Ҳакимзода Қурбон, роҳбари ниҳоди мазкур, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, 227 шахси мансабдоре, ки сари вақт ҳисобот пешниҳод накарданд ва ё ҳисоботҳоро хато пешниҳод кардаанд, ба маблағи 106 ҳазору 620 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Блоки рекламавӣ