Дар Тоҷикистон ҷаримаҳо барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ва ё андоз баландтар шуд. Парлумони Тоҷикистон охири соли 2025 аз тарҳе ҷонибдорӣ кард, ки бар асоси он ҳаҷми ҷаримаҳо барои сарпечӣ аз пардохти молиёт ва ё андоз як баробар боло меравад.
То кунун барои ин кор ҷарима аз шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 8-10 нишондиҳанда, яъне 624 то 780 сомонӣ ва барои ширкатҳо аз 11 700 то 15 600 сомонӣ буд. Акнун барои сарпечӣ аз пардохти молиёт сокинон то ба 1560 ва ширкатҳо то 23 000 сомонӣ ҷарима мешаванд. Мақомот гуфтаанд, ки як сабаби боло бурдани ҷаримаҳо, монеъ шудан ба сарпечӣ аз пардохти молиёт дар байни мардум ва корхонаҳо аст. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҳузури вакилони мардумӣ дар рӯзи 3-уми декабри соли 2025 гуфтааст, боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳо барои “таъсирбахш кардани” ҷазо барои онҳоест, ки молиёти давлатро саривақт намепардозанд ва ё умуман аз пардохти он сарпечӣ мекунанд.

Ҷарима барои напардохтани андоз зиёд шуд
Блоки рекламавӣ


