Дар Тоҷикистон барои риоят накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ҷаримаҳоро боло мебаранд. Аз 76 сомонӣ то ба ҳазорон сомонӣ. Ҳамаи ин дар Кодекси ислоҳшудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳаст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми феврал имзо кард.
Мақомот ва вакилони порлумон ҳадафро водор кардани ронандагон ба риояи қоидаҳо ва пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ донистаанд, ки солона садҳо нафарро дар Тоҷикистон мекушад ва ё маъюби якумрӣ мекунад.
Дар матни Кодекси нав аз ин пас барои набастани камарбанд ё тасмаи бехатарӣ дар дохили мошин ҷарима аз 78 то 156 сомонӣ ҳам зиёд мешавад.
Аз ин баъд ҷарима барои итоат накардани ронандагон ба чароғаки сурхи роҳнамо ё роҳ надодан ба мошинҳои “Ёрии таъҷилӣ” то ба 858 сомониро ташкил хоҳад дод.
Намоишкорӣ ҳангоми ронандагӣ, ба мисли “дрифт”, беэҳтиромӣ ба ронандагони дигар аз 760 сомонӣ то бештар аз 1100 сомонӣ хоҳад буд.
Ронандагони тоҷик аз ин пас барои риоят накардани суръати таъйиншудаи ҳаракат дар роҳ ҳам ҷаримаи зиёдтар мепардозанд ва он ҳам аз марзи 1000 сомонӣ ва ё 100 доллар ҳам мегузарад.
Мақомот ва бахусус Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ҳамеша гуфтаанд, ки ҳадафи асосии боло бурдани ҷаримаҳову сахт кардани танбеҳи ронандагони қонуншикан пеш аз ҳама таъмини амнияти мардум аст.
Онҳо омори садамаҳоро намуна меоранд, ки воқеан даҳшатнок аст. Масалан, соли 2025, ба иттилои Вазорати умури дохилӣ, дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ 643 кас ҷон дода ва 1500 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба ибораи дигар, ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон 2 нафар ҷон додаву 4 каси дигар маҷрӯҳ ва шояд маъюби якумрӣ шудаанд. Дар соли гузашта садамаҳое ҳам будаанд, ки дар онҳо як оилаи комил аз байн рафта, ҷашни арӯсӣ ба мотам табдил шудааст.

Ҷарима афзуд: Тасмаи бехатарӣ, роҳ надодан ба “ёрии таъҷилӣ” …
Блоки рекламавӣ


