Се духтар пас аз шиканҷа дар пахши мустақими Интсаграм дар Аргентина кушта шуданд. Маълум шуд, ки қотилони эшон фурӯшандагони маводи мухаддир будаанд. Зӯроварӣ, шиканҷа, таҷовуз дар як гурӯҳи пӯшида дар Instagram мустақиман пахш карда шуданд. “Тибқи хулосаҳои аввали тафтишот, ҷинояткорон пас аз дуздии кокаин аз ҷониби яке аз духтарон барои интиқом гирифтан ба чунин амал даст задаанд” – хабар медиҳад нашрияи The Guardian. Аз духтарони қурбоншуда ҳамчун Бренда дел Кастилиои бистсола, Морена Вердии бистсола ва Лара Гутеррес Кастиллои понздаҳсола ном бурда мешавад. Ҳарсе духтаронро рӯзи ҷумъаи гузашта бо фиреб ба хонае дар канори Буэнос-Айрес бурданд. Ҳамлагарон ба онҳо 300 доллар барои иштирок дар як маҳфили пӯшида ваъда карда буданд.
Ба ҷои пули ваъдашуда духтаронро рабуда, сипас шиканҷа карданд. Сипас қотилон онҳоро барои ин гурӯҳи хусусии 45 нафара дар Инстаграм нишон доданд. Пас аз таҳқир қурбониёнро куштанд ва ҷасадҳоро дар халтаҳои полиэтиленӣ пинҳон карданд. Ба гуфтаи мақомот, ин кушторҳо амали интиқом аз сабаби дуздии бастаи кокаин аз ҷониби яке аз қурбониён рух дод: “Раҳбари гурӯҳи ҷиноятии дар минтақаи Буэнос-Айрес амалкунанда мехост ҳушдор диҳад: ин ҳодиса бо онҳое, ки маводи мухаддир медузданд, рӯй медиҳад” – гуфтааст Хавер Алонсо, вазири амнияти Аргентина. Чор гумонбар, ду мард ва ду зан аллакай боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, ки ду нафари онҳо барои тоза кардани ҷои ҳодиса пас аз куштор киро шудаанд. Ин ҷиноят Аргентинаро сахт такон дод, кишваре, ки бо фарқ аз Мексика, Колумбия ё Эквадор, то ҳол бо чунин хушунати бераҳмонаи марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дучор нашудааст. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки пешвоёни ҷиноӣ дар ҳоли ҳозир ба одамони оҷизу нотавон бештар ҷабр мекунанд то қудрати худро мустаҳкам кунанд ва ба мардум “паёми террор” фиристанд.

Аргентина: Куштор ва шиканҷаи се духтар дар пахши мустақими “Инстаграм”
Блоки рекламавӣ


