Баъзе аз корхонаҳои истеҳсолӣ дар вилояти Суғд роҳи бурунрафт аз камбуди барқро пайдо кардаанд. Як корхона дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд панелҳои офтобӣ насб кардааст ва аз онҳо даҳҳо ҳазор киловат нерӯи барқ мегирад.
Пештар сарони ин минтақа барои ҳалли мушкили барқ ба Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда буданд. Зеро барои бунёди тақрибан даҳ корхонаи нав қарордод баста, аммо аз камбуди барқ нигаронӣ доштанд.
Баҳори имсол корхонаи масолеҳи сохтмонии “Арча” наздик ба 400 панели офтобиро аз Чин оварда, дар масоҳати 1000 метри мураббаъ насб намуд. Панелҳо 218 киловат соат барқ медиҳанд ва харҷи онҳо дар чор сол бояд барояд.
Илҳом Мӯъминов, сармуҳандиси “Арча” мегӯяд, дар ҳоли ҳозир аз панелҳои офтобӣ 60 дарсади барқи заруриро дарёфт мекунанд ва моҳона 25 ҳазор сомонӣ фоида мекунанд.

“Арча” мушкили бебарқиро ҳал кард
Блоки рекламавӣ


