Вазорати нақлиёти Ҳукумати “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба Тоҷикистон фиристодани мушовирони логистикиашро эълон кард.
Ҳамчунин мушовирони махсуси соҳаи нақлиёт ба Ӯзбекистон, Эрон, Покистон ва Туркманистон фиристода шудаанд.
Гуфта мешавад, ки аз сабаби вобастагии зиёд ба роҳҳои хушкӣ аз кишварҳои ҳамсоя барои воридот ва содирот, Афғонистон ба ҳамкории минтақавӣ ва тавсеаи долонҳои тиҷоратӣ барои иртиботи тоҷирони афғон бо бозорҳои ҷаҳонӣ ниёз дорад.
Тибқи омори мақомоти Тоҷикистон, дар муқоиса бо нимаи аввали соли 2024 воридоти мол аз Афғонистон афзоиш ёфта, содирот коҳиш ёфтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь