Дар натиҷаи коркарди ахбороти оперативӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, Шарифзода Додихудо сокини 24-солаи ноҳияи Деваштич, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти марбут ба муқобили озодии ҷинсӣ дастгир карда шуд.
Дар натиҷаи баргузории корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда аз моҳи ноябри соли 2024 то ин ҷониб бо як нафар духтари ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасида, алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонидоштаро анҷом медодааст.
Ҳамзамон муайян гардид, ки номбурда боз нисбати 3 нафар ноболиғ ва занони дигар ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додааст.
Нисбати Шарифзода Д., бо моддаи 141 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, айни замон номбурда дар ҳабс қарор дошта, бо мақсади қабули қарори қонунӣ парвандаи ҷиноятӣ дар баррасии Суд қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь