Таҳқиқи марги се узви як хонадон дар Исфара
Бо гузашти ҳашт рӯз, мақомот сабаби марги се узви як хонадонро дар шаҳри Исфара эълон накардаанд.
Искандар Маликии 34-сола, ҳамсараш Муаттархони 29-сола ва духтарашон Оишахони чаҳорсола рӯзи 7-уми декабр дар шароити мармуз ҷон бохтанд. Фарзандони дигари оила, Сумаяхони 6-сола ва Муҳаммадҷони 3-моҳа, ҳанӯз дар бемористон ҳастанд.
Пештар баъзе аз пайвандон ва ҳамсоягон сабаби эҳтимолии марги онҳоро “хӯриш ё хӯроки заҳролудшуда” гуфта буданд.
Як корманди баландпояи Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ташхиси тиббиро ба поён расондаанд ва “эҳтимоли аз хӯриш ба ин ҳол расидани онҳо ҳанӯз тасдиқи худро наёфтааст”.
Ҳамсуҳбати мо бо шарти фош нашудани номаш гуфтааст, “эҳтимол дар як ё ду рӯзи оянда натиҷаи ҳамаи он маълум ва расонаӣ гардад.”
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз пайвандони ҳамсари Искандар Маликӣ низ бо фиристодани чанд аксу навор иддао карданд, ки “дар марги онҳо ва бемор шудани кӯдакон мавридҳои шубҳаовар вуҷуд дорад”.
Дар Додситонии шаҳри Исфара рӯзи 15-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳоло тафтиши ҳодиса ҷараён дорад ва ҳанӯз дар ин замина парванда боз нашудааст. Як ҳамсуҳбати мо дар ин идора бе зикри номаш гуфт, натиҷаи ташхиси тиббиро ба Душанбе ва Хуҷанд фиристода, мунтазири хулосаи онҳо ҳастанд.
Искандар Маликӣ (Шафеиён), солҳои дароз дар идораҳои давлатии вилояти Суғд кор кардааст. Вазифаи охиринаш мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи ҳукумати Исфара буд. Ӯ як сол пеш аз ин вазифа ронда шуд ва тибқи иттилои дарёфтӣ соҳибкорӣ мекард.
Шафеиён ҳангоми муноқишаи шаби 28 ба 29-уми январи соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сахт захмӣ шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь