5 сентябр Анутхин Чанвиракун аз Ҳизби мухолифи «Пхумчайтхаи» Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид. Ӯ аксарияти овозҳоро дар парлумон ба даст овард, хабар медиҳад агентии «Синхуа».
Дар мубориза барои мақоми роҳбари нави Ҳукумат, Анутхин Чанвиракун бар ягона номзад аз Ҳизби ҳоким «Пхиа Тхаи» — Чайкасем Нитисири пирӯз шуд.
Пас аз анҷоми овоздиҳии инфиродӣ, ки як соат идома кард, муовини дуюми Раиси Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнӣ) Маҷлиси миллӣ (парлумон) Чалат Кхамчуанг эълон намуд, ки Анутхин Чанвиракун аз 490 вакил 311 овоз ба даст овард.
Ҳоло Анутхин Чанвиракун интизори таъйини расмӣ аз ҷониби Подшоҳи Таиланд мебошад. Баъди таъйинот ӯ ба ҳайси Сарвазири 32-юми Таиланд ба фаъолият оғоз хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь