Дирӯз Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд. Зимни анҷуман ҳисоботи панҷ соли фаъолияти Иттифоқи нависандагон пешниҳод гардида, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз нав интихоб шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд, дар анҷуман Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим маротибаи сеюм раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб гардид.
Низом Қосим нахустин маротиба соли 2015 ва дафъаи дуюм соли 2020 раиси Иттифоқи нависандагон интихоб шуда буд.
Дар анҷуман аъзои Иттифоқи нависандагон ва вакилон иштирок намуданд.
Блоки рекламавӣ



